ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО “SILK ROAD PROFESSIONALS” БА ИМЗО РАСИД
“Silk Road Professionals” бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Он аз ҷониби роҳбарияти донишкада ва “Silk Road Professionals” ба имзо расид.
Таъкид шуд, ки ин ҳамкорӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тайёр намудани мутахассисони муосири соҳаи муҳандисӣ ва IT равона шудааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ, донишҷӯён имконият пайдо мекунанд, ки дар муҳити воқеии ширкат таҷрибаомӯзӣ кунанд, дар лоиҳаҳои амалӣ иштирок намоянд ва бо стандартҳои байналмилалии барномарезӣ шинос шаванд.
Ҳадафи ҷонибҳо пайваст кардани донишгоҳ ва истеҳсолот мебошад, то ин ки донишҷӯён на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки таҷрибаи воқеии кор дар лоиҳаҳои байналмилалиро низ ба даст оварда мутахассиси соҳаи худ гарданд.
Ин ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси давлатии солҳои 2025–2030 оид ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.
Инчунин бо имкони ҳамкории наздик бо омӯзгорони кафедраҳои технологияҳои иттилоотӣ, дониш ва таҷрибаи амалии соҳа ба муҳити таълимӣ ворид мегардад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ғояи таъсиси “Silk Road Professionals” ҳанӯз соли 2008 маҳз дар муҳити Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шакл гирифта буд. Имрӯз аксари муҳандисон, роҳбарон ва ҳатто асосгузорони ширкат хатмкардагони ҳамин донишгоҳ мебошанд. Аз ин рӯ, ин ҳамкорӣ барои ин ширкат на танҳо як қадами нав, балки идомаи табиии роҳе мебошад, ки аз ҳамин ҷо оғоз ёфтааст.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО